Имрӯз, 18-уми май раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов бо намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ - роҳбари департамент, Гурӯҳи тавсеаи сохтори давлатӣ ва ислоҳоти идорӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Билл Доротинск мулоқот анҷом дод.
Тавре аз дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон гуфтанд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳои байни Маҷлиси намояндагон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсати иқтисодӣ, мусоидат ба рушди буҷаи давлатӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди арсаи энергетика, таъмини об ва хадамоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар таҳия ва қабули қонунҳои марбут ба буҷа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо муҳокима шуданд. Зимнан, миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ баста шудааст.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бораи паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳои муштараки палатаи поёнии парлумони кишвар бо Бонки умумиҷаҳонӣ ибрози назар карда, пешниҳод намудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон мутахассони беҳтаринро ҷалб намуда, нусхаи хулосаҳои ин таҳлилу таҳқиқот ба кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон фиристода шаванд.
Намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ - роҳбари департамент, Гурӯҳи тавсеаи сохтори давлатӣ ва ислоҳоти идорӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Билл Доротинск сатҳи ҳамкориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонки мазкурро мувофиқи манофеъи ҳарду ҷониб арзёбӣ намуда, ҳамчунин хостори тақвияти ҳарчи бештари муносибот бо Тоҷикистон шудааст.