Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни мулоқот бо Анри Зиппер де Фабиани, сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҳавасмандии ҳукумати Тоҷикистонро ба ҷалби доираи васеи сармоягузорону соҳибкории хориҷӣ, аз ҷумла фаронсавӣ ба иқтисодиёти кишвар изҳор намуд.
Тавре аз кумитаи мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи иқтисодӣ-сармоягузорӣ, пешбурди сиёсати давлатии ҷараёнҳои ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва бевосита самаранок истифодабарии моликияти давлатиро мавриди баррасӣ қарор додаанд. «Масъалаи тадбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва натиҷаи онҳо, нақшаҳои минбаъдаи ҳукумат дар ин самт, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои фаронсавӣ, иқтидору имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин равандҳои таҷдиди сохтории шикратҳои ниҳоят бузург ва ё монополияҳои табии мамлакат низ дар ин дидор матраҳ шуд»,-афзуд манбаъ.