Кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ соли равон новобаста ба боду ҳавои номусоид ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Онҳо дар майдони 6390 гектар ғалладона кишт карда, инчунин 200 га боғи нави мевадиҳанда бунёд намуданд. Алихон Холиқов, муовини аввали раиси ноҳия мегуяд, тибқи Барномаи бунёдсозии боғу токзор то соли 2014 дар ҳудуди ноҳия дар нақша гирифта шудааст, ки дар майдони 1000 га боқу токзори нав бунёд ва ба истифода диҳанд. «Бо боварӣ гуфта метавонем, ки деҳқонони ноҳия аз ӯҳдаи ин дурнамо баромада метавонанд»,-гуфт номбурда. Ба иттилои манбаъ, соли равон бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ ва ташаббуси соҳибкорони алоҳида, дар ноҳия боз 6 корхонаи хӯрди саноатӣ, аз ҷумла як корхонаи хӯрди коркарди асал, 3 хати истеҳсолӣ ё худ сехҳои коркарди меваву консерва ва корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, пахтакорони Ҳамадонӣ имсол дар майдони 5280 гектар пунба корида, киштро бо муваффақият ба анҷом расонидаанд. Алихон Холиқов гуфт, дар натиҷаи боронҳои шадид ва фаромадани сел деҳқонон корҳои пешгириро сари вақт ба анҷом расонида, тақрибан ягон гектар замини пахтаро ба зарар надоданд. «Танҳо бо боридани жола наздик ба 20 га майдони пахта ва ба ҳамин миқдор кишти ғалла зарар дид. Дар маҷмӯъ имсол мо аз офати табиӣ хушбахтона зарар надидаем ва ба боварем, ки ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меорем».