Собиқ президенти Русия Дмитрий Медведев тибқи ҳисоби пешакӣ мебоист дар Думаи давлатӣ барои соҳиби курсии сарвазир гаштан 300 овозро соҳиб мегашт, вале ба ҷонибдории ин сиёсатмадор танҳо 299 намояндаи мардумӣ райъ додааст.
Ба навиштаи ВАО-и Русия ин гуна муомилот ғазаби Медведев ва командаашро овардааст. Ба иттилои рӯзномаи «Известия» корҳои райъдиҳиро ба фоидаи Медведев дар Дума мувоини сардори Раёсати сиёсати дохилии Кремл Радий Хабиров ба ӯҳда доштааст. Акнун гуфта мешавад, ки ӯро «истеъфо» интизор аст. Тибқи хабари ба Кремл расида, ҷаноби Хабиров баъди сӯҳбат бо намояндагони порлумонӣ бод или пур ваъда дода будааст, ки беш аз 300 намояндаи порлумон ба тарафдории Медведев овоз хоханд дод. Вале депутатҳо ба ваъдаашон содиқ намондаанд.
Гуфта мешавад, Кремл аз пуштибонӣ ба Медведев барои ишғоли вазифаи сарвазирӣ ба роҳбарияти ҷумҳурии Чеченистон низ муроҷиат кардааст. Аммо тибқи иттилои расонаҳои русӣ, намояндагони порлумони давлатӣ аз Чеченистон Вахи Агаев ва Аднон Музикаев дар ин раъйдиҳӣ умуман иштирок накардаанд.
Ёдовар мешавем, Дмитрий Медведев, собик президенти Русия, рузи 8-уми май аз ҷониби Думаи давлатӣ ба курсии сарвазири ин кишвар нишаст. Номзадии ӯро 299 намояндаи мардумӣ пазируфта, 144 каси дигар зид овоз додааст.