Дар сӯҳбат ба «Озодагон» мураббии қаҳрамон, Фирӯз Раҳматов гуфт, « дар толори варзишии мо, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, аз рӯи чанд намуди варзиш ҷавонон машқ мекунанд. Ҳарчанд ки намуди «муҳорибаи беқоида дар ринг» барои тоҷикон намуди нави варзиш мебошад, вале мухлисону ҷонибдорони он дар Кӯлоб зиёданд. Дар золи мо наздики 20-нафар аз рӯи ин намуд машқ мекунанд».
Тибқи иттилоъ, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки охири моҳи май дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа шуда гузашт, 5-нафар варзишгари шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд. Сангалӣ Ғаниев, бародари Ҷамшед дар вазни 63,5-кг маҳорати хуб нишон дода, ҷойи сеюмро касб кард.