Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара алафдаравӣ кард
Имрӯз, 17-уми май Эмомалӣ Раҳмон барои доир намудани машварати корӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кард.
Боздиди президенти кишвар ба ноҳияи Данғара аз мавзеи Сомонҷони ҷамоати деҳоти Лолазор оғоз ёфт. Дар мавзеи Офтобрӯи ҳамин ҷамоат сарвари давлат ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар ҳашари умуминоҳиявии ҷамъоварӣ ва захира кардани хӯроки дурушти чорво аз алафҳои табиӣ иштирок намуданд.
«Барои дарави дастаҷамъӣ ва фаровон захира кардани хошоки дурушт ба ин мавзеи беканори сералаф ҳазорон нафар даравгарон, садҳо алафдаравҳои аспию тракторӣ ва техникаю таҷҳизоти ғундорандаю тойбандӣ сафарбар шудааст»,-хабар медиҳад сомонаи президент.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи чорвои хушзот ва маҳсулоти кишоварзони вилояти Хатлон дидан карда, барои ҷоннок намудани корҳои зарурӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод. Сарвари давлат бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, дар назди онҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, яке аз ҳадафҳои асосии машварат ва ҳам ҳашари умумии алафдаравӣ сабақ бардоштан аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва сари вақт оғоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда мебошад.