«Гулҳои сари сабад»-и Суғд стипендия гирифтанд
Дар доираи чорабиниҳои «Як моҳи ҷавонӣ», ки таҳти шиори «Ватандорони беҳамтои мулкем» ҷараён дорад, маросими супоридани шаҳодатнома ва стипендияҳои номии раиси вилоят ба донишҷӯён ва аспирантони фаъоли донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои вилоят доир шуд.
Аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Озодагон гуфтанд, ки соли гузашта теъдоди гирандагони стипендияи раиси вилоят ба 40 нафар ва андозаи идрорпулияшон 60 сомониро ташкил медод. Пас аз мулоқоти Қоҳир Расулзода бо устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои вилоят соли гузашта, раиси вилоят дастур дод, ки теъдоди гирандагони стипендия ба 100 нафар ва маблағи он то 100 сомонӣ расонида шавад. «Инак, 100 толибилм ва муҳаққиқи фаъол ба гирифтани идрорпулии раиси вилоят мушарраф шуданд»,-афзуд манбаъ.
Раиси вилоят гирандагони стипендияро гули сари сабади ҷавонони вилоят ном бурд ва афзуд, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба дониш ва заковати онҳо вобастагӣ дорад. Дар ин замина, аз ҷониби Қоҳир Расулзода пешниҳод шуд, ки бо мақсади робитаи наздики ҷавонони соҳибилм бо роҳбарияти мақомоти иҷроия ва васеъ намудани доираи дониш ва ҷаҳонбинии сиёсии онҳо ҳар сол як маротиба вохӯрии озоду ошкорои раиси вилоят бо гирандагони стипендия доир шавад.
Барои ин мақсад, ҷои аз ҳама мувофиқ истироҳатгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов бо шароитҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст. Дар партави иҷрои дастуру супоришоти сарвари давлат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, солҳои охир дар вилоят сохтмони як қатор иншооти бузурги варзиши ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, ба истифода дода шудани варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон барои 25000 ҷои нишаст, ҳавзи замонавии шиновари дар шаҳри Хуҷанд ва дар имсол ба нақша гирифтани сохтмони иншооти қасри боҳашамати варзиш ва майдони яхи сунъи дар маркази вилоят нишони чунин ғамхориҳост.
Дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон шаҳодатнома ва идрорҳои Раиси вилоят супурда шуданд. Дар ҷавоб ба ин таваҷҷӯҳ, толибилмон иброз доштанд, ки донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро танҳо барои тараққиёт ва ободии кишвари хеш сарф менамоянд.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳалллии Озодагон аз Маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.