Шавкат Саидов, ёвари раиси ММ МО ба Озодагон гуфт, зимни вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ нек арзёбӣ карда, мулоқоти сарони кишварҳоро таконбахши ин робитаҳо номид.
«Раиси ММ МО гуфт, ки дар марҳилаи кунунии ҷаҳонишавии муносибатҳо пайванду ҳамгироиҳои дӯстонаи аз умқи таърих сарчашмагирандаи халқу кишварҳоямон тақозо менамояд, ки ҳамкориҳо беш аз пеш густариш ёфта, ба манфиати ҳар ду ҷониб равона шаванд. Дар ин раванд пеш аз ҳама вусъатбахшии робитаҳои иктисодӣ дар тадбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ дар кишвари мо бо ҷалби сармояҳои мустақими Русия ба мақсад мувофиқ мебошад»,-афзуд манбаъ.
Маҳмадсаид Убайдуллоев робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русияро дар фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳо қайд намуда, итминон дод, ки дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба таъсис ва фаъолияти институти комилан нави парламентаризми муосир Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» нақши муассир гузошт. Дар навбати худ, раиси Думаи давлатии Русия низ аз мӯҳтавои мулоқоти самимӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки таклифу пешниҳодоти раиси Маҷлиси миллӣ шоистаи дастгирист ва ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд хоҳанд андешид.