Ҳиллари Клинтон гуфт, ки ИМА ҳамчунон барои мубориза бо терроризм ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 16-уми май бо ҳамтои амрикоияш дидору мулоқот кард.
Ин мулоқот дар Департаменти ИМА сурат пазируфт. Тавре аз дафтари матбуотии ВКХ хабар доданд, хонуми Клинтон аз сафари худ дар санаи 22-юми октябри соли 2011 ба Тоҷикистон ёд оварда гуфтааст, ки бо раисиҷумҳур ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамагуна масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва масоили минтақаиро баррасӣ карда буд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон қабл аз оғози дидор бо Ҳиллари Клинтон изҳор дошт, ки Душанбе ва Вашингтон ҳамеша равобити хуб доштанд. Котиби давлатии ИМА низ ба сатҳи ҳамкории ду кишвар баҳои баланд дода, барои кӯмак ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон ба ҷониби Тоҷикистон миннадорӣ баён кардааст. Клинтон нақши Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро дар масоили таъмини амнияти Афғонистон муҳим арзёбӣ карда, омодагии ИМА-ро ҷиҳати идомаи кӯмакҳо барои таҳкими марз, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар Тоҷикистон изҳор доштааст.