Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт Рауф Собиров, раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Ҷумабой»ро дастгир кардаанд.
Тавре аз ВКД хабар доданд, номбурда сокини деҳаи Зарнисор буда, аз ваколатҳои мансабиаш сӯистифода намудааст ва бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуворис Байзоева, сокини кӯчаи Султонов, ду бошишгоҳи саҳроиро, ки моликияти давлатӣ буд, ғайриқонунӣ вайрон кардаанд.
Ин бошишгоҳҳо дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Истаравшан қарор доштанд ва барои нигоҳубин кардан ба ихтиёри хоҷагии деҳқонии мазкур супорида шуда буданд.
Онҳо масолеҳи сохтмониро, ки 40003 сомонӣ арзиш дошт, фурӯхта, маблағи онро аз они худ намудаанд. Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.