Каратечиёни тоҷик ба Алмаато мераванд
Аз 3 то 7-уми июни соли равон дар Алмаато мусобиқаи варзишии навъи карате-до баргузор мегардад.
Тибқи иттилои кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як гурӯҳи бузурги варзишгарони тоҷик дар ин сабқат иштирок хоҳанд кард. Тими мунтахаби Тоҷикистонро Умеди Баҳриддин, Ҳакимов Эраҷ, Комрони Пӯлод, Сайвализода Мирзовалӣ, Махсумов Икром, Темуров Фирӯз, Лиситса Лола, Фарангиси Бахромзод, Усмонов Рустам, Валиҷони Дилшод, Мӯминов Зарифҷон, Мақсудова Фирӯза, Каримов Манучеҳр, Мансури Наим, ва Қаҳоров Абдуқаҳор дар ин чорабинӣ муаррифӣ мекунанд.Мураббиён Ҷунайдуллозода Ҳабиб, Нигина Хайруллоева, Парвиз Каримов ва Муҳаммад Бодаков бошанд, сарпарастии варзишгаронро ба зимма доранд.