Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Маскав бо ёдоварӣ аз ҳамкории судбахши низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Русия ягон масъалаи ҷиддии ҳалношуда вуҷуд надорад ва чанд масъалаи ҳалталабе, ки ҳаст бо назардошти манофеи ҳарду ҷониб ҳаллу фасл мегардад.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, дар ин мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд. Таҳким ва густариши ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла масоили дароз намудани мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, дастгирии моддию техникии сохторҳои низомии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ, омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси низомӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Бино ба иттилои манбаъ, Владимир Путин аз ҳамкории иқтисодӣ ва ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва робитаҳои судманди миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки имрӯз «70 субъекти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкории рушдёбанда доранд».
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт: «Мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон эҳтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд ҳамин гуна муносибат дошта бошад». Владимир Путин дар посух изҳор дошт, ки «маҳз ҳамин хел мешавад».
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.