Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, изҳоротро дар мавриди он, ки коҳиши ҳаҷми андозҳо ҳатман нархи молу маҳсулотро дар бозорҳои кишвар поён мебарад, беасос хонд.
Масъулини Кумита барои исбот, аз таҷриба мисол меоранд, ки аз андоз озод намудани муассисаҳои тиббӣ- истироҳатӣ, истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ ва либоси кӯдакона ба нархгузориашон таъсире нарасондааст. Дар ҳоле, ки нархҳо аз андоз вобастагии сахт доранд , намояндагони Кумитаи андоз суол мегузоранд, ки чаро имтиёзҳо арзонии ҳатмиро дар бозори маҳсулоту хизматрасониҳои зикршуда ба бор наоварданд?
Ба гуфтаи масъулини кумита омилҳои дигар аз қабили конюктураи бозор мавҷуданд, ки нархро дар Тоҷикистон ташаккул медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир нархҳо дар бозори молҳои гуногун, аз ҷумла маҳсулоти аввалиндараҷаи кишвар рӯй ба гаронӣ доранд. Меъёри андоз яке аз далелҳои серистеъмол аст, ки истеҳсолгарону фурӯшандагон дар Тоҷикистон барои исботи асоснокии болоравии нархҳо, онро пеш меоранд.