Ба иттилои масъулини «Барқи тоҷик» интиқоли барқ ба Афғонистон, ки аз 2 –юми майи соли ҷорӣ барқарор гардид, айни ҳол дар ҳаҷми 40 мегаватт дар як шабонарӯз сурат гирифта истодааст. Ин ҳаҷм дар муқоиса бо имкониятҳои содиротии Тоҷикистон дар фасли гармо ночиз аст.
Нерӯгоҳҳои кишвар имкон доранд дар фасли гармо беш аз 5 миллиард килловат соат нерӯи барқи зиёдатиро истеҳсол намоянд. Таи ду – се соли гузашта ба далели дарёфт нагардидани роҳи интиқоли барқи барзиёд, Тоҷикистон аз ҳудуди ним миллиард доллар маҳрум гардидаст.