«Дар хонаи тоҷикҳо ҳамеша як нафар ҳаст, ки бахше аз «Шоҳнома»-ро аз ёд донад»
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо баёни ин ки Фирдавсӣ барои тоҷикҳо монанди «Шоҳнома» бо азамат ва қобили эҳтиром аст, хотирнишон кард ки дар хонаи тоҷикҳо ҳамеша як нафаре ҳаст, ки бахше аз «Шоҳнома»-ро аз ёд медонад.
Хабарнигори Озодагон дар Эрон мегӯяд, Давлаталӣ Ҳотамов зимни суханронӣ дар маросими бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Тус гуфт, ки «Шоҳнома»-ро дар Тоҷикистон хӯрду калон дӯст медоранд: «Тоҷикҳо ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эҳтироми вижаеро қоиланд».
Ба қавли Ҳотамов аз қадим расм шуда, ки модарони тоҷик зери сари тифли навзод «Шоҳнома» мегузоранд: «Баъд аз муддати муайян модарони тоҷик ҷойи «Шоҳнома»-ро бо «Бустон» ва «Гулистон» ва сипас бо девони Ҳофиз иваз мекунанд. Ман аз падарбузург ва модарбузургам ба ёд дорам, ки муътакид буданд, зери сари навзод мондани «Шоҳнома» боис мешавад, ки писар ҳамчун Рустам ватандӯст ба камол бирасад».
Сафири Тоҷикистон афзуд, «Бустон» ва «Гулистон»-ро барои он мегузоранд ки фарзандонашон хамчун Саъдии Шерозӣ хирадманд ва ҷаҳондида парвариш ёбад. Девони Ҳофиз бо ин ният зери сари навзодони тоҷик қарор мегирад, ки фарзандони онҳо ба инсонҳо ҳамчун Ҳофиз нигоҳ кунанд.
«Ман имон дорам, ки дар ин суннат як ҳикмати бузурге нуҳуфта аст ва такрор мекунам, ки ин суннат ҳазорон сол аст дар Тоҷикистон побарҷост»,-илова намуд ҷаноби Ҳотамов.