Мавзуна Чориева ҳам ба Лондон меравад
Мавзуна Чориева, боксчии шинохтаи тоҷик дар сабқати қаҳрамонӣ оид ба муштзанӣ миёни занон, ки дар Хитой ҷараён гирифт, роҳхати олимпиро ба даст овард.
Мавзуна дар вазни то 60 кило нахуст бар Алла Яршевич аз Белорусия ва баъдан бар Каролина Грасюк аз Лаҳистон дастболо шуда, дар даври ҳаштякниҳоӣ Антонина Шевченкои қирғизро мағлуб кард.
Мавзуна Чориева муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон ва медалҳои мусобиқа идома медиҳад. Рақиби ӯ дар чаҳорякфинал Истели Моссели аз Фаронса аст. Ин дидор фардо, 16-уми май баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, Мавзуна Чориева 13-умин варзишгари тоҷик ва ягона бону аст, ки роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпиро соҳиб шуд. Нахустин роҳхатро Дилшод Назаров, гурзпартои маъруф ба даст оварда буд. Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) низ шарафи Тоҷикистонро дар Лондон ҳимоя хоҳанд кард