Зимнан, сардори шӯъбачаи мазкур подполковник Давлат Наҷмиддинов иброз дошт, аснои амалиёт соҳиби хона Гулбарг Саидова гуфтааст, ки аз банг будани ниҳолҳо хабар надоштааст ва онро чун ниҳоли дарахт шинохтаасту халос. Дар ин маврид аз ҷониби кормандони милиса санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гаштааст. Ба иттилои манбаъ, аз аввали сол инҷониб кормандони шӯъбачаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои мутташакил боз 42-бех ниҳолҳои бангдонаро ошкор кардаанд. Гуфта мешавад, ҳамин ниҳолҳо ба таври худрӯй дар партовгоҳи шаҳрӣ, ки тақрибан 5-км берун аз шаҳр ҷойгир будааст, рӯидаанд. Дар маҷмӯъ аз аввали соли ҷорӣ ба миқдори беш аз 25-кг маводи нашъадорро аз аҳолӣ ёфт ва мусодира намуданд.