Дар шаҳри Бағдод ҳанӯз ҳам маҳбасҳои махфӣ амал мекунад.
Дар ҳоле, ки мақомоти Ироқ ваъдаи бастани онҳоро дода буд,-хабар медиҳанд ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи башар аз созмони Human Rights Watch (дидбони ҳуқуқи башар).
Дар гузориши тозаи ин ниҳод, ки бар пояи иттилои ҷабрдидаҳо, шоҳидон ва мансабдорон таҳия шудааст, гуфта мешавад, ки нерӯҳои амниятии Ироқ ғайриқонунӣ одамонро боздошт намуда, дар маҳалҳои махфӣ нигоҳ медоранд.
Як сол муқаддам хабар дода шуд, ки дар маркази Бағдод чунин як зиндони махфӣ, ки бо номи «Минтақаи сабз» маъруф буд, баста шудааст. Аммо Human Rights Watch мегӯяд, ки ин маълумот асоси воқеӣ надоштааст.
Теъдоди дақиқи маҳбасҳои махфии Ироқ маълум нест.