Аз 24 то 26-уми майи соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бинои собиқи Китобхонаи миллии ба номи Абдулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Аз Вазорати фарҳанг ба Озодагон хабар доданд, ки ҳадафи баргузории намоишгоҳ тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи китоб дар байни аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи мазмуну мундариҷа, ороиш, тарроҳӣ ва чопи китоб дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар арафаи намоишгоҳ 5 озмун эълон мешавад ва дар он танҳо ноширони ватанӣ иштирок карда метавонанд: «Дар чор озмун- «Беҳтарин китоби бадеӣ», «Беҳтарин ороиши китоб, «Беҳтарин китоби дарсӣ» ва «Беҳтарин китоби бачагона» ноширон ширкат мекунанд. Озмуни «Биё, китоб бихонем!» миёни мактабҳои таҳсилоти ҳамагоние, ки омӯзгорону шогирдони онҳо аз намоишгоҳ дидан кардаанд, гузаронида мешавад.