Ҷаббаров аз рӯзи 8-уми май инҷониб бедарак шуда буд. Пайвандони ӯ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карданд.
Ба иттилои Uzmetronom дар куштори вазири собиқ ҳамшаҳриҳои ӯро аз вилояти Қашқадарё гумонбар медонанд. Бино ба хабарҳои тасдиқнашуда яке аз гумонбаршудаҳо аллакай дастгир шудааст.
Анвар Ҷаббаров аз соли 2009 то соли 2011 дар курсии вазири фарҳанг ва варзиши Узбакистон менишаст. Аз ин пеш Иттиҳодияи давлатии «Узбекнаво»-ро роҳбарӣ мекард. Аммо то замони кушта шуданаш симмати Иттиҳодияи «Узбекмузей»-ро дар ихтиёр дошт.