Дастаҳо дар ду гурӯҳ аз 24 то 30-юми сентябри соли 2012 вориди рақобат мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо барои Ҷоми раиси АФК ва 50 ҳазор доллари амрикоӣ мубориза хоҳанд кард. Дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар мегирад.
Конфедератсияи футболи Осиё ба шаш кишвари ширкаткунадаи даври ниҳоӣ имкон медиҳад, ки барои мизбонии сабқат талош кунанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои наздик барои мизбонии сабқати ниҳоии Ҷоми АФК-2012 дархост пешниҳод хоҳад кард.