Коршиносон ҷаҳиши якбораи нархи сементро ба оғози мавсими сохтмонҳо ва бекории 15 рӯзаи калонтарин корхонаи сементбарории кишвар - «Тоҷиксемент» рабт медиҳанд, ки дар паи интиқоли қатъи гази ӯзбекӣ нимаи аввали моҳи апрел бекор буд. Дар маҷмӯъ дар кишвар 8 корхонаи хурди сементбарорӣ фаъолият дошта, сохтмони як қатори дигар дар назар аст.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 54,1 ҳазор тонна семент истеҳсол шудаст. Талаботи Тоҷикистон ба семент асосан аз ҳисоби воридот аз Покистон, Русия ва дигар кишварҳо қонеъ гардонда мешавад.