Дар ҳамин ҳол намояндагони Ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар изҳор медоранд, ки дар сурати ба назар нагирифтани пешниҳодҳояшон, ҳоҷат ба таҳияи Кодекси нави андоз нест, зеро он баръакс метавонад дар фаъолияти соҳибкорон мушкили бештар пеш биёрад. Ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон мақсади президентро аз супориш дар мавриди таҳияи Кодекси нави андоз, кам кардани ҳаҷму шумораи андозҳо ва ба ҳамин восита мусоид намудани шароити соҳибкорию сармоягузорӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба таври лозими амалӣ нашуда истодааст.
Масъулини Кумитаи андоз дар мавриди пешниҳоди соҳибкорон изҳор медоранд, ки бояд асоснок бошанд ва нишон диҳанд, ки аз кадом ҳисоб маблағи буҷа рӯйпӯш мешавад.