Масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон изҳор медоранд, ки тибқи дурнамо имсол дар тамоми намуди хоҷагиҳои кишвар ҷамъоварии ҳосили картошка ҳудуди як миллион тонна дар назар аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта наздики 200 ҳазор тонна бештар мебошад.
Тавре аз Вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ҳосили интизории картошка аз талаботи мардуми кишвар ҳудуди 240 ҳазор тонна бештар буда, имкон медиҳад, ки ин намуди маҳсулот ҳатто ба хориҷа содир гардад. Манбаъ бо такя ба меъёрҳои физиологӣ изҳор дошт, ки инсон бояд соле 110 килло картошка истеъмол кунад ва мувофиқан талаботи мардуми ҷумҳуриро 760 ҳазор тонна арзёбӣ намуд.
Имсол танҳо дар ду намуди хоҷагиҳо, деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ майдони кишти картошка 8 ҳазор гектар бештар шуда ба 24 ҳазор баробар хоҳад шуд. Ҳосили интизорӣ аз як гектар 200 сентнерро ташкил медиҳад. Картошка баъди гандум дуюмин маҳсулоти серистеъмолтарини мардуми Тоҷикистон маҳсуб ёфта, айни ҳол як киллограми он дар бозорҳои пойтахт ҳудуди 2,2 сомонӣ нарх дорад.
Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон содироти картошка бо фармони президенти Тоҷикистон манъ шудаст.