Чорабинии мазкур дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи Олимпиадаи байналмиллалии NetRiders ва барномаи Академияи шабакавии Cisco гузаронида мешавад. Чунин даврҳои Олимпиадаи NetRiders дар кишварҳои ИДМ, Аврупо, Шарқи Миёна ва Африқо низ баргузор мегарданд. Олимпиада ба таври бархатӣ мегузарад ва шунавандагони Акадмеияҳои Cisco-и ин давлатҳо имтиҳонҳо ва вазифаҳои таҷрибавиро дар компутерҳо оид ба технологияҳои иттилотиӣ ва шабакавӣ иҷро менамоянд.
Ҳамасола дар чаҳорчӯбаи Олимпиадаи «NetRiders Tajikistan» даври кушоди Олимпиада «Мутахассиси боистеъдоди ТИ» низ гузаронида мешавад, ки дар он аз тамоми гӯшаю канори кишвар мактаббачагон, донишҷӯён, мутахассисони соҳаҳои гуногун, ки шунавандагони барномаҳои Академияи Cisco то ҳол нашудаанд, иштирок карда метавонанд. Даври кушод ба таври бархатӣ баргузор мегардад ва ҷавонон барои номзадии «Мутахассиси боистеъдоди ТИ» ширкат меварзанд.
Ғолибони Олимпиада аз ҷониби сарпарастон ва ташкилкунандагон бо тӯҳфаҳои гуногун мукофонида мешаванд. Мукофотҳои асосии ғолибон ноутбукҳо, нэтбукҳо, 3G ва 4G-модемҳо аз Ширкати Миллии Телекоммуникатсионии «Вавилон-Т» ва Оператори алоқаи мобилӣ «Вавилон-Мобайл», смартфонҳо аз Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, IPod ва вебкамераҳо аз тарафи ширкати Cisco ва омӯзиши ройгон дар Академияи Cisco-и назди Маркази ТИК мебошанд.
Ба маросими мукофотонидани ғолибон, ки 18 май баргузор мегардад, намояндагони идораҳои гуногуни давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратии байналмиллалӣ ва маҳаллии Тоҷикистон даъват шудаанд. Ташкилкунандаи Олимпиада ташкилоти ҷамъиятии «Маркази Технологияҳои Иттилоотию Коммуникатсионӣ» мебошад.
«NetRiders Tajikistan 2012» дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази Миллии Патенту Иттилоот» назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Маркази технологияҳои информатсионии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил, Филиали «Интерньюс Нетуорк Инк» дар Тоҷикистон, Ассотсиатсияи TARENA, Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва таълимии «МАТЭМА»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маркази технологияҳои иттилоотии “Кова”-и вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор» дар вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон гузаронида мешавад.