Ҳукумати ноҳияи Ашт ба кормандони милиса мошин тақдим кард
Ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки бо ташаббуси раиси ҳукумати ноҳияи Ашт утоқҳои кории нозирони минтақавӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ аз қабили телевизору дастгоҳҳои компютерӣ, ҷевону мизу курсӣ муҷаҳаз гардид.
Илова бар ин, раиси ноҳия ба кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт автомашинаи хизматии тамғаи «Карандо» такдим кард. Раиси ноҳия гуфтааст, ки ин охирин кӯмак набуда, дар оянда низ барои рушди фаъолияти кормандони милиса мусоидат хоҳанд кард. Манбаъ афзуд, барои кормандони милисае, ки ба манзили зист ниёз доранд, барои бунёди манзил ба онҳо бе навбат замин ҷудо мешавад.