«Тоҷикистон: Институтҳо ва рушд».Таҳти ҳамин унвон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар муаррифии ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон сурат пазируфт.
Тавре аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, дар он роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикстон ширкат доштанд. Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи муштараки «Ворид намудани консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод шудааст. «Мақсади асосии лоиҳа, пешбарии консепсияи рушди инсонӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва хусусан дар байни ашхосе, ки қарор қабул мекунанд, мебошад, то ки он ҳамчун заминаи маҳакҳои асосӣ барои муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон тасдиқ ва эътироф гардад»,-афзуд манбаъ. Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.