Воридоти орд дар семоҳаи аввали соли равон 134 ҳазор тонро ташкил дода, бо маблағи умумии 41 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст. Арзиши миёнаи як тон орди воридотӣ ба ҳисоби миёна 312 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид шуда, ҳудуди 50 фоизи талаботи мардуми кишварро таъмин мекунад. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон талаботи солонаи мардуми кишвар ба гандум ҳудуди 1,5 миллион тонро ташкил медиҳад.