Тибқи созиши тарафҳо мӯҳлати охири пардохти пурраи қарз то охири соли 2015 муайян шудаст, ки сар аз семоҳаи дуюми соли 2010 ва то пардохти пурра аз ҳисоби буҷаи давлатӣ амалӣ мегардад.
Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 138 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, барои рӯйпӯш намудани он дар буҷа 100 миллион доллар пешбинӣ шудаст. Соли гузашта аз буҷет барои пардохти фоиз ва қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 62,5 миллион доллари амрикоӣ равона шуда буд.