Ба гуфтаи модари Сяо Чжен ӯ дар бораи нақшаи писараш, ки барои компютери гаронарзиш аз гурдаи худ маҳрум мешавад, бехабар буд. Ва баъди он ки писараш ба хона бо маблағи зиёд ва компютеру телефони ширкати эппл бармегардад, пасон хабардор мешавад. Ба гуфтаи модари ин ҷавон дар оилаашон барои харидани ин намуди бозичаи гаронарзиш мабалағи кофӣ вуҷуд надошт. Баъдан, модари ин ҷавон ба беморхона омада мефаҳмад, ки гурдаи писарашаро як тоҷир аз музофоти Футсиян харидааст. Модари Сяо Чжен тавассути миёнаравҳо борҳо кӯшиш кард, то ба он тоҷир тамос пайдо кунад, аммо телефони ӯ доимо хомӯш аст. Алъон, вазъи саломатии писарбачаи 17- сола рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Модари ҷавон ҳанӯз умедвор аст, ки тоҷир саломатии писарашро дубора барқарор мекунад.