Барномаи урдӯгоҳ аз сессияҳои омузишӣ оид ба ҳамкорӣ, ҳалли якҷояи мушкилот, ва инчунин чорабиниҳои интерактивии гурӯҳсозӣ иборат буд. Дар урдӯгоҳи мазкур ҷавонон аз созмони ғайриҳукуматии «Ғамхорӣ»-и Қӯрғонтеппа намоиш нишон доданд. Ҷавонон бо мақсади ҷалби иштирокчиён ба ҳалли мушкилоти марбут ба имконият надоштан ба маълумот, зуроварӣ дар оила, хариду фурӯши одам ва истифодаи маводи мухаддир усули эъҷодиро истифода бурданд. Инчунин иштирокчиёни урдӯгоҳ моделҳоро, ки диди онҳоро дар бораи ҷомеаи бехатар дарҷ намуданд, омода намуда, бо лоиҳа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон кор карданд. Хонум Сара Пенхюн муовини Сафир дар ин қисм ҳузур дошт ва гуфт: «Ба кӯшишу ғайрати шумо нигариста, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки ҷидду ҷаҳди шумо натиҷаҳои хуб медиҳад ва лоиҳаҳои шумо оид ба ҳалли мушкилот самарабахш хоханд буд».
Манбаи хабар илова кард, ки ҳукумати ИМА барои дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сектори институтҳои адлияи Тоҷикистон омода ҳаст ва ҳамкории судмандро бо ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмин намудани бехатарии шахрвандон идома медиҳад. Аз соли 2003 то инҷониб Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 52 миллион долларро барои таъмини амният ва адолат ба халқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.