Гурӯҳи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ сабукрави ғарқшударо пас аз ҳафтуним соат наҷот доданд.
Субҳи рӯзи гузашта, (11 апрел) тақрибан соати 07:00 сабукрави «Мерседес» рақами давлатиаш «7177АС 01РТ» дар километри 42-и шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди мавзеи Ҳушёрӣ ба дарёи Варзоб сарозер мешавад.
Гурӯҳи наҷотдиҳии маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода соати 09:40 ба маҳалли ҳодиса расида, автомашинаро соати 14:35 аз дарё берун мекунанд.
«Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, ронанда ва мусофиронаш низ ҷароҳати ҷиддӣ набардоштаанд»,-афзуд манбаъ.