Сокинони деҳаи Кулолӣ аз тарси сел шабро дар кӯча рӯз кардаанд
Раиси ҷамоат гуфтааст, ин офати табиӣ аст ва мо наметавонем ягон чора бинем
Бегоҳии дирӯз, 10-уми май дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии нохияи Панҷакенти вилояти Суғд баъд аз бориши зиёди борон сел омад, ки боиси валангор шудани чандин манзилҳои зисти маскунӣ гардид.
Сокинони деҳаи мазкур дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз доштанд, ки нафаре аз масъулин ҳукумати шаҳри Панҷакент ба мусоидати осебдидагон расидагӣ накарда, ҳатто раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба доди онҳо нарасидааст.
Салоҳиддин Наҷмиддинов, сокини дехаи Кулолӣ, ки осебдидаи сел аст мегӯяд: «Мавзее ки мо истиқомат мекунем як ҷазираро мемонад, хонаҳоямон тақрибан 15-20 метр ба селроҳа наздиканд. Бар асари боронҳои зиёд пойдевору деворҳои хона нам гирифта, эҳтимоли чаппашавии он мавҷуд аст».
Номбурда мегӯяд, шаби сипаришуда аз тарси сел як оила, ки аз 16 нафар иборат аст, шабро дар кӯча рӯз карданд. Сел ба 12-13 манзили зисти сокинони деҳа зарари ҷиддӣ расонд, пулеро, ки деҳаро ба марказ мепайвандад, ба пуррагӣ хароб кард. «Мутаасифона касе ба додамон намерасад. Ба роҳбари ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент муроҷиат кардем, он кас ваъда кард, ки мо комиссияи махсус ташкил мекунем рафта чора мебинанд, вале то ҳол касе ба додамон нарасидааст»,-афзуд Салоҳиддин Наҷмиддинов.
Сокинони деҳаи осебдида мегӯянд, субҳ раиси ҷамоат деҳоти Рӯдакӣ омада, болои азобу уқубати аз сел бардошта, суханони сахт гуфта ҷангу ҷанҷол кард: «Чизи шудагӣ шуд, ин офати табиӣ аст, мо наметавонем ягон чора бинем»,-мегӯянд сокинони деҳаи Кулолӣ аз нақли раиси ҷамоат. Онҳо мегӯянд, чандин сол аст, ки дар ҳамин вазъ зиндагӣ доранд. Борҳо муроҷиат карда гуфтаанд, ки дар ин мавзеъ зиндагӣ карданашон хатаровар аст, аммо кассе ба доди онҳо нарасидааст.
Дар ҳоле сокинони ин маҳалла мегӯянд, хонаҳояшонро сел хароб кардааст, ки масъулини дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ изҳор медоранд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавқуллодаро ба қайд нагирифтаанд.