Даври 6-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон даври навбатӣ фардо, 12-уми май бо дидори «Равшан»-и Кӯлоб - «Энергетик»-и Душанбе (варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб), «Зарафшон»-и Панҷакент - ЦСКА «Помир»-и Душанбе (варзишгоҳи шаҳри Панҷакент) ва «Хайр»-и Ваҳдат- «Гвардия»-и Душанбе (варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат) оғоз мегардад. Се бозии дигари ин давр 13-уми май бо рақобати «Ҳосилот»-и Фархор - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (варзишгоҳи ноҳияи Фархор), «Худҷанд»-и Хуҷанд - «Вахш»-Қурғонтеппа (варзишгоҳи 20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон) ва «Истиклол»-и Душанбе - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров (варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе) шурӯъ хоҳад шуд. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17:00 аст.
Мавриди ёдоварист, тибқи натиҷаи панҷ даври сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб бо 12 имтиёз аз 5 дидор дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 10 холӣ мутаносибан ҷойҳои ду ва серо ишғол мекунанд. Габриэл Донто, легионер аз Гана , ки дар ҳайати «Энергетик»-и Душанбе бозӣ мекунад, беҳтарин нишонзан дониста мешавад. Ӯ ба дарвозаи ҳариф панҷ тӯб задааст. Индус Хусейнзода аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ бо ҳамин шумораи голҳо дар мақоми ду аст.