БОР ба Тоҷикистон боз 250 миллион доллар медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Ашок Кумар Лаҳири, директори иҷроияи Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар ин гуфтугӯ ба барномаи таҳияшавандаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд (БОР)барои солҳои 2012-2014 зоҳир шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар ҳаҷми 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Ин маблағҳо ба беҳсозии шабакаи роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд.
«Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳамкории гузашта, ки дар натиҷаи он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 855 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо шудааст, ба Бонки осиёии рушд арзи сипос намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон як зумра лоиҳаҳои муҳим бо маблағгузории ин бонк тадбиқ мегарданд, ки барои онҳо харҷи 530 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст»,-хабар медиҳад сомонаи президенти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт бо назардошти имконоти пайвастани шабакаҳои дахлдори Тоҷикистон бо Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.