Збигнева Фило, як сокини Полша субҳ аз хоб бедор шуда ба дерун мебарояд, аммо мошини худро дар саҳни ҳавлӣ намебинад.
Баъдтар ин ҷавони 24 сола сабукрави тамғаи Ford Escort-ашро дар болои дарахт мебинад. Тибқи иттилои сомонаи Metro мошинро ҳамсояҳои Фило ба дарахт овезон кардаанд. Бо ин роҳ онҳо соҳиби сабукравро, ки бо суръати баланд рондани нақлиёт дар маҳалла «шӯҳрат» дошт, ҷазо додаанд. Ҳамсояҳои Фило гуфтаанд, ӯ мошинро «бераҳмона» идора мекард, ки ба ҷони пиёдагардон хатарбор буд. Гуфта мешавад, мошинро бо ёрии кран болои дарахт гузоштаанд.
Баъди ба поён овардани мошин Фило ваъда кардааст, ки аз ин ба баъд мошинро эҳтиёткорона хоҳад ронд.