Ҳадафи таъсиси академияи мазкур тарбияи кадрҳои баландихтисоси рӯзноманигорӣ унвон мешавад. Ёдовар мешавем, чор сол қабл роҳбарияти радиои Тоҷикистон ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард, то Академияи телевизион ва радиоро дар назди Кумитаи Телевизион ва радио таъсис бидиҳад. Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар зимни таҷлил аз 100 солагии нашри аввали рӯзномаи тоҷикӣ мужда дод, ки барои таъсиси он заминаи мусоид фароҳам омадааст. Аммо президент гуфт, номи ин ниҳод бояд Академияи ВАО бошад ва дар баробари радио ва телевизион матбуотро ҳам фаро бигирад. Ба қавли сарвари давлат дар чор соли пеш имкони молӣ набуд, то академияи мазкур фаъол шавад, вале ҳоло барои таъсиси он шароит муҳайё аст.