Зимнан, масъалаҳои иҷроиши нақшаи чорабиниҳо доир ба амалигардонии давраи аввали (солҳои 2009-2011) стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, тартиби татбиқи шартнома оид ба принсипҳои ситонидани андозҳои ғайримустақим мавриди содироту воридоти маҳсулот (корҳо, хизматрасониҳо) байни давлатҳои узви ИДМ аз 25 ноябри соли 1998, таъсиси муассисаи омӯзишӣ барои тайёркунӣ ва такмили дониши кадрҳои мақомоти андози давлатҳои- узви ИДМ баррасӣ гардиданд. Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои-узви ИДМ барои соли 2011 тартиб дода шуда, раиси он барои давраи навбатӣ низ интихоб шуд. Мувофиқи низомнома раисӣ дар Шӯро ба Хадамоти давлатии андози Украина супорида шуд.