«Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» унвони иқдоме буд, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон созмон дод.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни баргузории чорабинӣ миёни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии № 42, 63, 77, 50, 72, 16, 34, 12 ва 7-и шаҳри Душанбе оид ба таҳлили ҳолати будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, корҳои иттилоотию фаҳмонидадиҳӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир гардид: «Бо мактаббачагон дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи кишвар, гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, шуғли аҳолӣ, бекорӣ, шуғли ғайрирасмӣ, меҳнати маҷбурӣ ва муҳоҷирати меҳнатии дохилию хориҷӣ, таъсиси Хадамоти муҳоҷират, вазифаҳо ва ваколатҳои он, танзим раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будбоши муҳоҷирон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қабили забони англисӣ, русӣ, немисӣ, арабӣ ва таълим касбии онҳо гуфтугӯҳои судманд анҷом пазируфт». Манбаъ мегӯяд, зимни сӯҳбат хонандагон маълумоти муфассал дар бораи Хадамоти муҳоҷират, вазифаҳо ва ваколатҳо он, қонуну қарорҳо дар бораи муҳоҷират ва фаъолиятҳои Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон пайдо намуданд ва бо мактаббачагон, саволу ҷавобҳо оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши муҳоҷирон, қонуну қарорҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, одобу русум ва фарҳанги кишвари қабулкунанда пеш аз сафар ба хориҷа мавриди гуфтугӯ ва муҳокима қарор гирифт.