Қаҳрамони Лигаи Аврупо оид ба футбол маълум шуд
«Атлетико»-и Мадрид қаҳрамони Лигаи Аврупо шуд.
Даври финали сабқати Лигаи Аврупо миёни дастаҳои «Атлетико»-и Мадрид ва «Атлетик» аз Билбао шаби гузашта дар Бухарест сурат пазируфт. «Атлетико» ба дарвозаи ҳариф 3 голи беҷавоб зад. Ҳисобро дар дақиқаи ҳафтуми бозӣ Радамел Фалкао, ҳамлагари «Атлетико» боз кард. Дар дақиқаи 34-ум низ ӯ боз як тӯби зеборо вориди дарвозаи «Атлетик» намуд. Диего, нимҳимоятгари «Атлетико» муаллифи голи сеюм буд.