Дирӯз, 9-уми май дар боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба ифтихори солгарди 67-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ва расми гузашти низомӣ баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуотии сарвари давлат иттилоъ доданд, дар боғи Ғалаба бар замми роҳбарияти давлату ҳукумат ҳамчунин теъдоди зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони сершумори ҷавонону аҳли ҷамоати пойтахт низ ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушунҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф оростанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз саҳми намоёни фиристодагони Тоҷикистон дар ҶБВ ёд оварда, аз ҷумла зикр кард, ки наздики 300 ҳазор фарзанди бонангу номус ва шарафманди ҷумҳурии мо ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазорашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид шуданд.
Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз ёфт. Хотираи неки қурбониёни ҶБВ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.
Дар расми гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе беш аз якуним ҳазор афсару сарбоз аз сохторҳои гуногуни низомии кишвар ширкат намуданд.