Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифтааст, аз ин ба баъд ҳар моҳ «Беҳтарин бозигар», «Беҳтарин тренер» ва «Беҳтарин довар» дар Тоҷикистонро муайян кунад.
Тавре аз ФФТ ба Озодагон иттилоъ доданд, беҳтаринҳои футболро гурӯҳи ҳакамон зери роҳбарии ноиби президенти федератсия Азизбек Раҷабов муайян хоҳанд кард. Беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои арзишманди ФФТ қадр мешаванд. Қаблан, беҳтаринҳоро дар як сол як маротиба муайян мекарданд. Натиҷаи аввалин оғози моҳи июн ҷамъбаст мешавад. Дар он исми беҳтаринҳои моҳи май эълон хоҳад шуд.
Мавриди ёдоварист, ки тибқи натиҷаи панҷ даври сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар садри ҷадвали мусобиқот «Равшан»-и Кӯлоб бо 12 имтиёз аз 5 дидор нишастааст. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 10 холӣ мутаносибан ҷойҳои ду ва серо ишғол мекунанд. Габриэл Донто, легионер аз Гана , ки дар ҳайати «Энергетик»-и Душанбе бозӣ мекунад, беҳтарин нишонзан дониста мешавад. Ӯ ба дарвозаи ҳариф панҷ тӯб задааст. Индус Хусейнзода аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ бо ҳамин шумораи голҳо дар мақоми ду аст.