Ҷониби Тоҷикистон маҷмӯи ҳамкориҳои босамари дуҷонибаро бо кишвари дӯсти Фаронса самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.
Ин нукта дар мактуби шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон, ки унвонии Франсуа Жерар Жорж Олланд, президенти тозаинтихоби Фаронса ирсол шудааст, омадааст. Дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад: «дар иртибот ба пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи президенти Фаронса сарфарозам».
Дар идомаи мактуби табрикотӣ омадааст: «Боиси қаноатмандист, ки бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҳамёрии созанда ба роҳ монда шудааст ва онҳо рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.
Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Фаронса бовар дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз Фаронса равобити ҳасана ва ҳамкориҳои мутақабилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.
Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Фаронса хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».