Маъруфхон Хоҷаев, донишҷӯи донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия соҳиби ҷоизаи озмуни «Беҳтарин телефони қадима» донитста шуд.
Озмуни мазкур, ки дар якҷоягӣ бо радиои «Ватан» роҳандозӣ гардида буд беш аз як моҳ боз идома дошт. Имрӯз, 7-уми май дар бинои Шарқи Озод аз он натиҷагирӣ карданд. Шаҳноз Комилзода, пиар-менеҷменти ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, озмуни мазкурро ба муносибати Рӯзи алоқа созмон додаанд. Ба қавли номбурда ба ғолиб Мегателефон додаанд. Иштирокчиёни фаъоли дигар низ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шудаанд. «Талаботи озмун ҳамин буд, ки иштирокчиён акси телефони қадимтарини худро бо қиссаи ҷолиб дар фейсбук нашр намоянд. Ғолиб ҳамоне мегардид, ки овози зиёд мегирифт. Ба ҷонибдории Маъруфхон 106 нафар овоз додааст. Аз ин рӯ ҷои аввалро ба ӯ додем»,-афзуд Шаҳноз Комилзода.
Дар озмун ҳудуди 50 намуд телефони қадима бо қиссаҳои гуногун пешниҳод шудаанд.