Менеҷери ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» бо мошини шахсӣ як нафарро зер кардааст.
Тавре аз БДА ба Озодагон хабар доданд, Зафарҷон Ғулаков, сарнишини сабукрави «Лексус» ҳангоми ҳаракат аз ҷониби кӯчаи Қаҳоров ба тарафи кӯчаи Неъмат Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои 11-и кӯчаи Саъдии Шерозӣ қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди шахсияташ номаълумро зер мекунад. Дар натиҷа ин марди тахминан 55-60 сола, ки милаташ аврупоӣ будааст, аз ҷароҳатҳои вазнин ба ҳалокат мерасад.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.