Габриэл Донто беҳтарин голзани Лигаи олии Тоҷикистон
«Равшан»-и Кӯлоб баъди ҷамъбасти даври панҷуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо 12 имтиёз дар сархати ҷадвали мусобиқа нишаст.
«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 10 хол дорад ва зинаи дуюмро муаррифӣ мекунад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ бо 10 хол дар мақоми сеюм аст.
Натиҷаҳои даври панҷум ба ин тартиб аст:
ССКА «Помир»-и Душанбе - «Хуҷанд»-и Хуҷанд -3:1
«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - «Истаравшан»-и Истаравшан -2:2
«Равшан»-и Кӯлоб - «Ҳосилот»-и Фархор - 2:1
«Энергетик»-и Душанбе - «Хайр»-и Ваҳдат - 1:1
«Вахш»-и Қӯрғонтеппа - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - 1:1
Дар поёни ин давр Габриэл Донто («Энергетик»), Индус Ҳусейнзода («Хуҷанд») (5 голӣ) ва Аҳтам Ҳамроқулов (Регар-ТадАЗ) (3 гол) голзанҳои беҳтарнин эътироф шуданд.
Даври шашуми Лигаи олии футболи Тоҷикистон 12 ва 13-уми май соати 17:00 шурӯъ мегардад. Дар рӯзи аввал «Равшан» бо «Энергетик», «Зарафшон» бо ССКА «Помир» ва «Хайр» бо «Гвардия» вориди рақобат мешаванд. 13-уми май бошад, «Ҳосилот» бо «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд» бо «Вахш» ва «Истиқлол» бо «Парвоз» қувваозмоӣ мекунад.