Мухолифони Путин боз ба майдон рехтанд. 20 пулис захм бардошт
6-уми май беш аз 400 нафар дар маркази Маскав барои роҳандозии бетартибии омавӣ боздошт шуданд. Дар ин бора сомонаи РКД-и Москав хабар додааст.
Дар натиҷаи бархӯрди мухолифини ҳукумати вақти Русия беш аз 20 корманди пулис захмӣ гардидааст. Гуфта мешавад, 3 нафарашон алъон дар бемористон ба сар мебаранд. Ҳамчунин аз ҷароҳат бардоштани 7 эътирозгар хабар дода мешавад.
Бино ба навиштаи манбаи хабар боздоштшудагон бар пулис муқовимат нишон дода, дар майдони «Ботлоқзор» (Болотная плошад)-и ин шаҳр бетартибиҳои оммавӣ доир кардаанд. Ба ғайри ин аз сӯи пулис беш аз 40 нафар неофашистон дар наздикии метрои «Театралная» боздошт шудаанд, ки бо пулис дастбагиребон шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи тафтишоти Русия дар умури Москав хабар додааст, ки бо ҷурми «даъват ба бетартибиҳои оммавӣ» ва «истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин дар ҳолест, ки фаъолони «Ҷабҳаи чап» иддао кардаанд, ки беш аз 50 нафар тарафдорони онҳоро барои роҳандозии ҳамоиши эътирозӣ дар назди истгоҳи метрои «Третяковская» пулис боздошт кардааст.
Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати Русия роҳпаймоии эътирозӣ ва баъдан митингеро бо номи «Эътирози миллионҳо» доир карданӣ буданд. Ин навбат ҳамоиш аз сӯи шаҳрдори Маскав бо чанд далел иҷоза дода нашуд. Пулис нагузошт, ки мардум ҳамоиши эътирозии худро доир намоянд ва чанд саркардаи онро боздошт кард.