Мақсади асосии Тоҷикистон тарбия намудани на мутахассисони аробакаш, балки кадрҳоест, ки дорои тахассус буда дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобат карда тавонанд. Барои Тоҷикистон пеш аз ҳама тайёр намудани кадрҳои касбӣ зарур аст. Ин нуктаро коршиноси масоили иҷтимоӣ Фирӯз Саидов зимни мусоҳибае бо Озодагон баён дошт.
Мазӯи аслии сӯҳбати хабарнигори Озодагон бо ҷаноби Саидов мушкили бахши мориф ва омода кардани мутахассисони барои Тоҷикистон зарурӣ буд. Коршиноси тоҷик мегӯяд, бояд кадрҳои тарбия шавад, ки кишвари мо ба онҳо зиёд ниёз дорад. Вай ҳамчунин афзуд: «Шароити феълӣ агар ба ҳамин минвол идома ёбад, маҷбур мешавем мутахассисонро аз Русия ба Тоҷикистон ворид кунем ва аз инҷо кадрҳои бетахассуси худро ба Русия содир кунем. Мутахассисони русзабон, ки барои Тоҷикистон лозим буданд, ҳамаашон ин ҷоро тарк карданд ва дар як ё ду сол ин гуна кадрҳоро омода карда наметавонем.
Бояд кадрҳое тарбия намоем, ки ҳам дар дохили Тоҷикистон кор кунанд ва ҳам дар хориҷа. Агар тоҷик дар Русия мутахассис мебуд, ба ҷои 300, 1000 доллар мегирифт. Шарт нест, ки як миллион қувваи корӣ содир намоем, балки 250 ҳазор қувваи кории соҳибтахассус бас аст. Шумораи донишгоҳҳое, ки солҳои 60-70 кадрҳои миёнаи касбӣ омода мекарданд, дар замони ҳозира ба 48 то 45 расидааст.
Бояд омӯзему бинем барои мо кадом намуди ихтисосҳо зарур аст, он ихтисосҳое, ки замони Шӯравӣ буданд дигар бароямон лозим нест. Системаи замони Шӯравӣ кадрҳои якранг тарбия мекард ва имрӯз барои омода намудани кадрҳои аъло ҳарчанд талош мешавад, аммо расидан ба ин ҳадаф хазинаи зиёдеро металабад».
Сӯҳбати комили Озодагон бо Фирӯз Саидовро мешавад бо нохун задан рӯи ин хат мутолиа кард: https://www.ozodagon.com/sr/item/16396