Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик муҳокима шуд
Дар дохили ҳавопаймо ва фурудгоҳҳо маводи иттилоотӣ дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ паҳн мешавад.
Ин нукта зимни мулоқоти Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар ва Зейнал Гаҷиев, роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон изҳор шуд. Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, дар нишаст ҷонибҳо натиҷаи мулоқоти Девонаевро дар шаҳри Женева баррасӣ кардаанд. Ҳамчунин ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва таъсиси маркази таълимии муҳоҷирон аз мавзӯъҳои матрӯхаи нишаст унвон мешавад: «Рӯзҳои наздик аз ҷониби кормандони намояндагии СБМ дар Тоҷикистон расми муаррифии натиҷаҳои фаъолияти СБМ барои Шӯрои ҳамоҳангсози донорҳо баргузор мегардад»,-афзуд манбаъ.