Муродалӣ Тешаев, сардори маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, Мавзуна Чориева дар вазни 60 кило рақобат мекунад ва имкони хуби ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Лондонро дорад.
«Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз рӯи 10 вазн қувваозмоӣ сурат мегирад. Танҳо ғолибони 3 вазн (51, 61 ва 75 кг) шонси соҳиби роҳхати олимпӣ шуданро доранд. Онҳое, ки дар ин вазнҳо ҷойҳои аз 1 то 8-умро ишғол мекунанд, ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпиро пайдо хоҳанд кард»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон то имрӯз нӯҳ роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпиро соҳиб шудааст, ки миёнашон ягон бону нест.